БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамоем

ВОСЕЪ. Чорабинии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тадбиқи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” дар маҳаллаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Гулистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза иштирок ва суханронӣ намуда қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёни муарифгари фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи бевоситаи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотӣ, туҳфа, руқъа, фитта ва ғайра мебошанд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон ба ин намуди кору истеҳсолот аксар вақт дар маҳалҳо оилаҳои ҳунарманд машғул мегарданд, чун маҳсулоти дастӣ бо назардошти сатҳу сифат маъруфияти хосро доро мебошад ва талаботи бозор низ ба истеҳсоли маҳсулоти мардумӣ зиёд аст.

Зимнан, раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи мазкур иброз намуд, ки ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият — рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии оилаҳо сабаб гардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg