ВАХШ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Нахуст, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ карда, қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъаноти неки ниёгон, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
Сипас, дар идомаи суҳбат масъулин зикр карданд, ки бо баргузории чунин хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сатҳи дониши сиёсӣ ва маънавии аҳли ҷомеа мукаммал гардида, нуфузу эътибори ҲХДТ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боло рафта истодааст.