БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи босаодати сокинони кишвар ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марбут аст

КӮЛОБ. Ҷиҳати амалишавии ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Зимнан, сокинон ҳунарҳои дастии худро, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузоштанд. Инчунин, саҳначаи гаҳворабандон низ намоиш дода шуд, ки ба чорабинӣ ранги дигар бахшид.

Дар рафти чорабинии мазкур хониши сиёсӣ доир гардид, ки дар он вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби Фирӯзи Саидмӯъмин сухан гуфта шуд.

Мавсуф дар баромади худ қайд кард, ки Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд.

Дар ин росто барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ Сарвари давлатамон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки дар саҳифаи таърихи халқамон бо хатҳои заррин сабту ҷовидон хоҳад монд. Зеро пешрафти ояндаи кишварамон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марбут аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg