БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хоҷагидориву ҳунарҳои мардумӣ бахшҳои даромаднок ба ҳисоб мераванд

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Зарнисор-1-и  ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим бо сокинон семинари омӯзишӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

 Дар кори семинар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  ва кординатор оид ба лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон Изатуллоев Фармоналӣ  иштирок дошта,  оид ба тарзи истифодаи самараноки замин, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи дохилӣ, хушк намудани меваҳо ва хошок барои чорво инчунин рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба омӯзиши  ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, ҳадафу мақсади чорабинии зикргардида, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии некӯаҳволии мардум, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ноҳия ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ дар замири сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон  ба шумор мерафт ба иштирокдорон фаҳмонида дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg