Ҷ.БАЛХӢ. Дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат соҳаи сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тозаро касб намуда, имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат пайваста зиёд мегардад.
Ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд ва онро мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаматарафа бо як дилгармӣ, хушнудӣ ва ҳамовозии том истиқбол намуданд. Албатта, дар доираи ин иқдоми наҷиб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари осоишта ва дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ ба оламиён муаррифӣ мегардад.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал барои сохторҳои ҳизбии вилоят ва барои амалишавии ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар маҳаллаи Чикаловски ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шахтиёр” намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат аз намоиши ҳунарҳои дастии сокинон дидан карда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.