КӮЛОБ. Дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Зимни он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Сайдаҳмадова Латофат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, дар чорабинӣ қайд гардид, ки масъалаи дар уҳияи ҳунармандӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат диққати махсус дода мешавад.
Бо ҳамин ниятҳои неку созанда Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Чунин иқдом аз як тараф муаррифии фарҳанги мо бошад, мақсади асосии дигари ин иқдом пеш аз ҳама тарбияи дурусти ахлоқӣ ва омӯзонидани касбу ҳунар ба насли наврасу ҷавони имрӯза иборат мебошад.
Дар охир сокинон изҳор доштанд, ки тамоми ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, барои амалишавии дастурҳои Сарвари давлат саҳми худро мегузоранд.