БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватанамонро якҷоя обод мекунем!

ДАНҒАРА. Бо мақсади пайгири ва назорати рафти корҳои сохтмонӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири фароҳам сохтани шароити хуби хизматрасонӣ дар маҳал тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Гули Зиндонии ҷамоати деҳоти Оқсу бо иштироки сокинони маҳал хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хонишӣ сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок ва  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони кишвар ва  вохӯрӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон, инчунин атрофи  амалҳои  хоинонаи  гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда,  бори дигар мардумро аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои  ифротӣ барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, беназорат намондани фарзандон, пайваста дар алоқа будан бо муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда, онҳоро барои амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ кард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg