БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар пешбурди рӯзгори мардум мусоидат менамояд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳо дар нимаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Гулистон 4-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо иштироки сокинон, фаъолони деҳа ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ чорабинии фарҳангиву сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, Раҷабова Шаҳноза иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, ки бо таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ин баъд маҳсулоти дар шароити хона омодашуда аз андоз озод шуда, ҳунарҳои мардумӣ метавонад дар баробари пешбурди рӯзгор, ҳамчунин буҷети оиларо низ ғанӣ гардонад.

Аз ин рӯ, моро мебояд ба қадри ин ғамхорӣ расида, барои боз ҳам бештар истеҳсол намудани молҳои ниёзи мардум кӯшиш ба харҷ диҳем, баҳри такмили касби худ низ талош варзем.

Сокинон аз чорабинии мазкур таасуроти нек бардоштанд ва ба давлату Ҳукумат миннатдории хешро баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg