БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватанамонро якҷоя ободу шӯкуфонтар менамоем!

Ш.ШОҲИН. Ҳар боре ба суханони Сарвари давлат таваҷҷуҳ менамоем, беихтиёр аз худ мепурсем, ки ин шахсияти бемисл чӣ гуна сарчашмаи асосии мушкилиҳоро пайдо карда, ҳамзамон, роҳи ҳалли онҳоро нишон медиҳад.

Бо ин мақсад намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Хайркорон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” анҷом доданд.            

Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим кушода, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Тақвияти робита бо маҳал,  тарғиби  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028” андешанронӣ намуда, иштирокдоронро барои боз ҳам густариш бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҷавонон омӯзондани касбу ҳунарҳои мардумӣ даъват карданд.

Дар чорабинӣ занону  бонувони  ҳунарманд ҳунари  волои хешро ба намоиш гузоштанд, ки аз ин намоишгоҳ иштирокдорон дидан намуда ба ҳунармандони маҳалли баҳои сазовор доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg