БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хотири рӯзгори ободу зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муасссиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли равон  бо иштироки  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  дар деҳаи Пахтаободи  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева  Шоира баргузор гардид.

Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба масъалаҳои  номбурда  андешаронӣ карда,  онҳоро ҷиҳати татбиқи  нишондиҳандаҳои аксияи ҳизбӣ:  ободонии маҳал, сохтмони биноҳои иҷтимоӣ-маишӣ, мактабу синфхонаҳо, таъмиру роҳу пулҳо, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа ҳидоят намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg