БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муборизаи мо сокинон бо ТЭТ ҲНИ оштинопазир аст!

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Ҷайҳун дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатару таҳдиди гуруҳҳои ифротии ТЭТ ҲНИ ва Гурухи-24 ба маънавиёти ҷомеа ва шиносоӣ пайдо  кардан  аз  фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов баргузор гардид. 

Бояд қайд намуд,  ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» аз  2110 нафар корманд 1879 нафарашон аъзои  ҲХДТ  мебошанд ва аксари чорабиниҳои  ҳизбии ноҳия бо иштироки бевоситаи  онҳо  сурат мегирад. Ташкилоти ибтидоии мазкур ҳамасола яке  аз  аввалинҳо  шуда нақшаи обунаро  ба  рӯзномаҳои  ҳизбӣ иҷро менамояд ва  дар  қатори ташкилотҳои ибтидоии намунавӣ қарор дорад. 

Дар  ҷараёни вохӯрӣ гурӯҳи  кории ташкилоти «Маорифчиён» ҷиҳати риоя гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин риояи фарҳанги миллӣ сухан  карда, ба  саволҳои гуногуни  ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Ҳамчунин  дар рафти вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидов оид ба масъалаи пешгирии ҷавонону наврвсон аз майли ақидаҳои носолими гуруҳҳои ифротӣ муфассал суханронӣ намуда, дар фарҷоми суханронӣ оид ба пешбурди корҳои ҳизбӣ ва  ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, ки аз 8 номгӯй парвандаҳо иборат аст,  инчунин оид ба сари вақт супоридани аъзоҳаққӣ, ҳисоботҳои оморӣ ва молиявӣ, ҷалби фаъолон ба сафи ҲХДТ маслиҳатҳои муфид  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg