БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон барои татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳидоят карда шуданд

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Шуъбаи маорифчиён” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг доир гашт, дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи таблиғот, иттидоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маълумот дода, ҳозиринро ба иҷрои он ҳидоят намуд.

Инчунин, дар хониши сиёсӣ иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гуфтугӯи ҷиддӣ сурат гирифт.Дар ин масъала чанде аз иштирокчиён Сафарова Нафиса, Мирзоев Шарифхон, Нурулло Мирзоев, Сатторова Малоҳат баромад намуда, қайд карданд, ки иҷрои талаботи қонун то имрӯз аз ҷониби падару модар ба пуррагӣ иҷро карда намешавад. Вале маъмурияти муассисаҳои таълимӣ камбудиҳои ҷойдоштаро нодида гирифта, нисбати падару модароне, ки ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, чораҳои ҷиддӣ намеандешанд.

Ҳамчунин дар хониши сиёсӣ доир ба тарбияи ватандӯстии тарбиятгирандагон ва моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ сухан рафт. Бо боварӣ қайд намудан мумкин аст, ки хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии номбурда ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg