БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз насли ояндасозаш вобаста аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар  майдончаи муассисаи давлатии варзишии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо ибтикори бахши ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки кормандони масъули он Муродалӣ Шамсов ва раиси ташкилоти ибтидоии «Муассисаи давлатии варзиши»-и  ноҳия Бахтиёр Қурбоналиев бозии  шавқовари футбол дар байни ҷавонону наврасони ҷамоати шаҳраки Москва  доир карда шуд. Мусобиқаи варзишии  футбол бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баҳри дар амал татбиқ  намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин баҳри тарғибу ташвиқи варзиш ва оммавигардонии он гузаронида шуд.

Ҷавонон дар бозии шавқовари футбол байни ҳам қувваозмоӣ ва маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд. Чунин мусобиқаҳои  варзишӣ дар муассисаи давлатии варзишии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то охири ҳафта гузаронида мешавад ва дар охир дастаҳои ғолиб бо туҳфҳои ҳизбиён сарфароз гардонида мешаванд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg