БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯшишу айрати сокинон ба хотири ободии диёр дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»

ПАНҶ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеаи кишвар бармеояд, инчунин ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо роҳи дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии «Куҳдоман»-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов Ҳамидов Султон  ва мардони саховатпешаи ҳамин маҳалла Шокиров Аҳтам,  Раҳмонов Шукрулло ва дигар сокинони деҳа бинои кӯҳнаи мактаби маҳалла таъмиру азнавсозӣ  гардида истодааст.

Инчунин, дар баробари таъмири бино онҳо тасмим гирифтанд, ки боз 2 синфхонаи иловагӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ барои 100 нафар  дар 2 баст сохта, то арафаи соли нави хониш ба  истифода диҳанд. Ин иқдоми  пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоиро сокинони деҳа бо хушундӣ пазируфта, ҳамарӯза тариқи ҳашар дар корҳои сохтмонии бино саҳм гузошта истодаанд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия баҳри дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намудани ин амали хайру сахо  бо аъзои фаъоли ҳизб, ки дар ободонии маҳалли худ саҳм гузошта истодаанд ошно гардида, як вохӯрии  судманд баргузор  намуданд.

Ҷиҳати амали шудани Аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!” Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия  дар якҷоягӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар таъмин намудани мактаб  бо таҷҳизоти лозима мусоидат менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg