БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хушҳоланд

МУЪМИНОБОД. Бо сокинони кӯчаи ба номи Сайдалӣ Вализодаи ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳия тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод С. Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ хусусан ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи -24, боз ҳам ба дарки ҷомеа расонидани амалҳои хоинонаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ,  сарфакорона истифода бурдани некрӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он ба хотири таъмини истиқлолияти  пурраи энергетикӣ ва ҳизфи арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти чорабинӣ бахшида  ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg