БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни Кӯлоб нимсолаи аввалро бомуваффақият ҷамъбаст карданд

КӮЛОБ. Таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Дар рафти он аъзои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Маҷлисро Валиева Саъбагул ифтитоҳ бахшида, ба баррасии рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроя дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, тасдиқи Ситод ва ҷадвали тақсимоти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2019, даъвати Конференсияи ғайринавбатӣ ва ва дигар масъалаҳоро шинос намуд.

Нахуст, Саъбагул Валиева дар назди ҳозирин ҳисобот дода, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, қарорҳои Анҷумани XII  ва маҷлисҳои Раёсату Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилиҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар нимсолаи аввали соли 2018 ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис зикр шуд, ки дар ҷараёни корҳои тарғиботӣ нашрияҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ”  низ яке аз дастгоҳҳои бузурги идеологии ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин росто таъкид шуд, ки барои муташаккилона ва босифат ҷамъбаст намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ин самт аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия ва Ситоди обуна, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб тамоми нерӯи худро равона созанд.

Масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ба муҳокима пешниҳод гардида баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бо ҳамин кори маҷлиси  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб анҷом бахшид.

Пас аз анҷоми маҷлис аъзои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои маъмурии ҳизбӣ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg