БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои миллӣ заминагузори зиндагии шостаи мардум

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Тахти Сангин  чорабинии сиёсии-фарҳангӣ    гузаронида шуда,  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Фирӯза Абдурахимова вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханрони намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар як фарди ҷомеаи моро мебояд ташаббускору саҳмгузор бошад.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ваҳобиддин Абдуллоев дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон андешаронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани  сиёсати хирадмандонаи Пешови миллат ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg