БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корхонаҳои саноатии Ёвон рушд карда истодаанд

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон барои боздид ва баргузории вохӯриҳо атрофи самтҳои муайянгардидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баргузории як соати сиёсӣ ба ҶДММ «Хима-текстил» рафта, бо аҳли заҳмати корхонаи мазкур суҳбати самимона анҷом доданд.

Дар ноҳияи Ёвон таъмини рушди бемайлон ба  ин соҳаи сердаромад диққати махсус дода мешавад, ки  мақсад аз он афзун намудани самаранокии корхонаҳои саноатӣ, вусъат додани бозори фурӯши маҳсулот ва муҳайё кардани  ҷойҳои корӣ мебошад.

Корхонаи саноатии «Хима текстил», ки соли 2010 аз ҷониби ҶДММ «Корпаратсияи Хима» бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуда, корхонаи мазкур силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба шумор меравад.

Таҷҳизотҳои корхона, аз он ҷумла хатҳои технологии худкор, 48 дастгоҳи асосӣ ва 25 дастгоҳи ёрирасон, ки барои истеҳсоли риштаҳои маҳину шоназада пешбинӣ гардидаанд, аз ширкати  «Марзол» - Италия ворид карда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg