БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо меҳру расми модарам, машҳур гардид ҳунарам

ДӮСТӢ. Дар ноҳияи Дӯстӣ мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия пайваста  вохӯрию мулоқотҳо баргузор гашта истодаанд.

Дар деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти Деҳқонобод оид ба эълон намудани озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ» бо занону духтарони деҳоти номбурда суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷоннок намудани ҳисси зебоипарастӣ ва инчунин, завқи баланди занону духтарони деҳотро инъикос менамуд.

Дар чорабинии мазкур иштироки пиразани 85 сола холаи Арафамоҳ хело назаррас буд, ки ӯ тавонист занону духтарони деҳотро ҳамчун шогирд дар паҳлуи худ гирифта, тамоми нозукиҳои ҳунарҳои мардумии қадимаро омӯзонад.

Дар рафти баргузории чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯсти Одиназода Ҳуснигул бо иштрикокчиён суҳбати гарму самимӣ доир карда,  моҳияти нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади  муайян намудани мавқеи ҳар як шаҳрванд дар ин самт, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ маҳсуб меёбад,  раҳнамоӣ карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg