БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш ифтихор доранд

ВОСЕЪ. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандориву меҳанпарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ҷиҳати эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон, тарбияи маънавии ҷавонону наврасон, мустаҳкам намудани дӯстиву бародарӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки сокинони маҳаллаи Гулистон 2-и ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур занону ҷавонони деҳа бо як руҳи болида омодагӣ дида, ҳунарҳои миллӣ, аз қабили чакану қуроқдӯзӣ, зардӯзию сӯзанидӯзӣ ва пухтани таомҳои миллӣ дар маҷмуъ ҳамаи ҳунарҳои миллие, ки ба мо аз ниёгонамон меърос мондаанд, пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар баромади худ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова  қайд намуд, ки аз ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ имконоти воқеъӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро эҳё бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин созем ва тавассути ҳунари дастии  бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg