БАЛҶУВОН. Вохӯрии навбатии и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф бо сокинони деҳаи Хироби ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳия доир гардид, ки дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, Мирзоев Исуф дар назди ҷамъомадагон дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, ки истиқоматкунандагони деҳаи номбурда бо ғаллакориву кишоварзӣ, боғдорӣ ва занбӯри асалпарварӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, ҳарф зада, аз онҳо ҷалби шаҳрвандони бекор ба соҳаи кишоварзиву ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуд.
Инчунин, дар ин раванд, мавсуф Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҳамагон фаҳмонида, қайд кард, ки он маблағҳое, ки онҳо барои маъракаҳои аъзодорӣ сарфу хароҷоти беҳуда мекунанд, хуб мешуд, ки Аксияи ҳизбиро дастгирӣ намуда, он мабғҳоро дар таъмиру роҳу пулҳо, мактабу синфхонаҳо, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, сартарохшона, мағозаҳои ниёзи мардум сарф намоянд.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои судманди Мирзоев Исуфро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ карда, пешниҳоди мавсуфро хуб пазируфтанд.