ПАНҶ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории вохӯриҳо ва дар ин росто гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ
чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дар маҳаллаи ба номи Акбар Шарифи ҷамоати шаҳраки Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Акбар Шариф” ва сокинони маҳалла доир карда шуд.
Иштирокчиён дар баробари намоиши маҳсули дастии худ боз дастархони хӯрокиҳои гуногуни миллиро ороста буданд.
Сараввал раиси маҳалла Саидова Рухшона ба сухан баромада, ҳадафи аслии баргузор намудани чунин ҷамъомадро дар тарғиби либоси миллӣ миёни бонувон ва ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омехташавӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона унвон намуда, афзуд, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба рӯзгори мардум равшанӣ бахшида, ба ин васила занони ноҳия бо кор дар хона таъмин гардида, сатҳи зиндагиашон беҳтар ва ба ин васила дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат саҳмгузор мешаванд.
Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон дар суханрониаш бобати нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла оид ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, огоҳонидани мардум аз хатари терроризму эсктремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маърифати мардум ибрози андеша намуд.
Дар қисмати охири ҷамъомад ба 9 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии “Акбар Шариф”, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тофикистон шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.