БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳи мо роҳи созандагист ва ҳадафи мо хизмат ба халқ!

ДӮСТӢ. Дар ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва раисони деҳа, маҳалла ва фаъолони ҳизбӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло дар рафти вохӯрӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва вакилони ҳизбӣ дар самти татбиқи он суханронии пурмуҳтаво анҷом дод.

Дар рафти суханронӣ, таъкид намуд, ки мо аъзои ҲХДТ бояд мавқеъи асосӣ, моҳият ва ҳадафҳои асосии ташкилоти сиёсии худро баҳри рушду инкишофёбии кишвари азизамон-Тоҷикистон,  пешгирии гароишшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, паст кардани шиддати бекорӣ, баланд бардоштани фарҳангу маърифати мардум, омӯзонидани сарфаю сариштакорӣ, дур кардани фарҳангу тамаддуни бегона ва зоҳирпарастӣ, саховатпешагӣ ва якчанд масъалаҳое, ки имрӯз ба души роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вогузор гардидааст, шарҳу тавзеҳ ва маънидод намуда, иштирокчиёнро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда роҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg