БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз бумбасти коммуникатсиони баромадану ба кишвари транзити табдил додани Ватани азизамон мақсаду мароми мост!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомоболӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ситамова Роҳила ва Мирзоева Гулрухсор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот масъулин атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маълумоти муфассал дода,  қайд намуданд, ки нақлиёти Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад ва бо дарназардошти ин ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталӣ байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.

Дар охир масъулин ба иштирокдорон  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти он  дар байни омма тавсияҳои судманд доданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg