БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғии Аксияи “Якҷоя ҳал мекнем” дар байни сокинони маҳал

Ш.ШОҲИН. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда соли гузашта дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ тасис дода шуд. Ҳамчунин озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрукӣ барои воридоти таҷҳизот  ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ низ аз иқдомҳои босамари  пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳа мебошад.

Баҳри боз ҳам эҳё намудани соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Зулмобод  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.            

Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Баъдан Қурбонзода Шифо сармуҳарири нашрияи ҳизбии  “Овози халқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар деҳаи болозикр Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба сокинон фаҳмонида доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg