БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини ҳифзи сиҳатии омма яке аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи минтақавии №1»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсии ҳизбӣ оид ба расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр бо иштироки кормандони ин муассиса ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумагул, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов доир гардонида шуд, ки писанди ҳозирин гардид.

Чорабиниро сардухтури беморхонаи минтақавии № 1 раиси ташкилоти ибтидоӣ Аҳёев Маҳмадӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дод.  Шомаҳмадова Ҷумаъгул аз муҳтавои Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуда, иброз дошт, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Яъне бо вуҷуди пешравиҳо, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилот боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд.

Шомаҳмадова Ҷумагул қайд намуд, ки вазифаи табибон ин танҳо табобати беморон аст, балки пешгирии бемориҳо вазифаи авалиндараҷаи табибон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ хусусан дар байни кӯдакону наврасон авҷ гирифтааст. Кӯдакон аз ҳар гуна меваҷоту полезиҳо ношуставу аз маконҳои ифлос дастраскарда истифода бурда, дар натиҷа ба беморӣ гирифтор мешаванд, бинобар ин табибонро зарур аст, ки дар бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатии деҳот ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дастурамалҳо ва дигар маводҳои таблиғотиро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ насб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg