БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Покизагии муҳити зист баёнгари фарҳанги болои миллат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.   

Зимнан масъулин  оид ба ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи  Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2016-2020 » суҳбат карда шуд.

Дар рафти мулоқот мудири   шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Темурмалик Боронов Сабзаалӣ баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмониданд. 

Доир ба суханронии масъулин  кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Қармишев Фирӯз ва Ҳакимов Пираҳмад  вобаста ба хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён карда, роҷеъ  ба ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалоҳои экологӣ    суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз иштирокдорон   даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро  дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg