БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташаббуси бештар нишон диҳем!

ЛЕВАКАНТ. Дар толори Беморхонаи марказии шаҳри Левакант кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд.

Суҳбатро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат оғоз намуда, зикр кард, ки дар ин миён мо ҳизбиён вазифадорем, ки ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мо аст. Пеш аз ҳама, мо бояд маданияти муносибати ҷомеаро бо бемориҳо баланд бардорем ва корҳои фаҳмондадиҳиро бо ҷалби мутахассисони соҳа дар байни аҳолӣ роҳандозӣ намоем.

Дигар масъулин қайд намуданд, ки ҷомеа агар солим бошад,  пояҳои давлат устувору мустаҳкам  мегардад.  Аз ин рӯ, ҳар  яки моро  лозим аст,  ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ муборизаи дастаҷамъона  барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg