ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷараёни баргузории вохӯриҳоро, ки хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дарбар мегиранд, мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ мондааст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хоҷагии ҷангали ноҳия бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Ҷангал” хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин дар баромадашон оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки бо назардошти он, ки дар Паёми имсола соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва ин барои рушди сайёҳӣ ва аз сари нав эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ замина мегузорад.
Сайёҳӣ аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омада, барои пешрафти ҷомеа аҳамияти хоса дорад. Он барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, шинохти фарҳангу миллату халқиятҳои гуногун мебошад. Диёри мо бо кӯлу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш дар олам камназир аст. Бо назардошти ин ҳама дороӣ Тоҷикистон диққати сайёҳони хориҷиёнро ба худ ҷалб намуда, дар фурсати начандон зиёд метавонад, ба макони сайёҳии хориҷиён табдил ёбад.
Дар давоми суханронӣ оид ба қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешарони сурат гирифта, қайд шуд, ки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ риояи қонунҳои амалкунанда ва дар амал татбиқ намудани ҳамаи нуктаҳои асосии он мебошад.