
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо сокинон вохӯриҳоро баргузор намуда истодаанд.
Масъулин зимни вохӯрӣ дар деҳаи Файзи Истиқлоли ҷамоати шаҳраки Бохтариён доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи маънавию таърихии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани омма ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба дарки ҷомеа расонида шуд.