БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳизби бунёдгари ормонҳои миллат

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Орзу”-и  ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки  мудири шуъбаи занон ва ҷавонон Ф. Абдураҳимова оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ суханронӣ намуд.

Инчунин, оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ карда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ин самт саҳмгузор бошад.

Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба масъалаи терроризму экстремизм, ки ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст,  маълумот дода,  қайд  намуд, ки дар олами имрӯза дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳмиши тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст ва яке аз ин омилҳо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои интернетӣ мебошад.

                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg