ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ пайваста вохӯрию мулоқотҳоро баргузор намуда истодаанд.
Бо ин мақсад дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Тарроҳи беҳтарин”, “Маликаи Хатлон” бо иштироки занону духтарони деҳот баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷоннок намудани ҳиси зебоипарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, сайқал додани донишу маҳорати занону бонувони хонаишин ва завқи баланди онҳо арзёби гардид.