БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро сарҷамъ ва ба корҳои созандагӣ сафарбар намуд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Талхоби ҷамоати деҳоти Оқсу бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷалби аҳолии деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии фарҳангиву сиёсӣ   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок ва атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооту навоварӣ,  аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин мавсуф дар идомаи суҳбат  моҳияти Аксияи  тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҷамъомадагон  фаҳмонида,  аз онҳо ҷиҳати анҷоми корҳои хайру сахо ба шахсони ниёзманди ҷомеа, беморону  маъюбон, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои  бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, мағозаи ниёзи мардум, таъмиру тармими роҳу пулҳои маҳали зист, мактабу  синфхонаҳо даъват ба амал овард.        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg