БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарони тоҷик ба хоинони миллат нафрати беандоза доранд!

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Роҳи нав-2" -и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо занону бонувони деҳаи мазкур вохӯриву суҳбат атрофи мавзӯъи "Тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон" вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар рафти ч­орабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонону занони Кумитаи иҷроия Нуралиева Мадина ба сухан баромад­а, қайд намуд, ки вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ба фарҳанги бегона ва майл намудани занону духтарони кишвар ба он мушоҳида мегардад, инчунин ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ моро месазад дар муқобили онҳо истода фарҳангу асолатии миллии худро муҳофизат кунем.

Дар охир  иштирокдорон суханрониҳои Нуралиева Мадинаро  ҳамаҷониба дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки мо модарони тоҷик нисбати хоинони миллат ва бегонапарастон нафрати беандоза дорем ва фарзандонро дар рӯҳияи фарҳанги миллӣ тарбия мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg