БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим ҳунарманду эҷодкору ободгаранд

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгири Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан   иштирок ва андешаронӣ карданд.

Зимнан Раҷабализода Парвиз дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки вазифаи мо ҳизбиён дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум вобаста ба фазои сиёсӣ ва дохиливу хориҷии кишвар, раванди бархурди манфиатҳо, саҳми ҳар як табақаи ҷомеа дар ободии Ватан ва истифодаи васеъи далелу рақамҳо мебошад. Дар ин росто моро месазад, ҳамчун корманди масъули ҲХДТ – ҳизби роҳнамои ҷомеа вазифаҳои ҳар як шаҳрвандро дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ, нигаҳдории ҳуввияту асолати миллӣ ва дигар самтҳои муҳим  муайян кунем.

Сипас дар идома Асадуллозода Ватан оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда,  қайд намуд, ки аслан, тоҷикон аз қадим эҷодкор, ҳунарманд, ободгар ҳастанд. Ҳунармандии гузаштагонамонро  дида, ҳар яки мо ифтихор мекунад. Имрӯзҳо ҳунари занони тоҷикро оламиён эътироф менамоянд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, рушди ҳунарҳои мардумиро дар баробари вазифаҳои муҳими давлат ҷой намуда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg