БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ бо суръати баланд рушд карда истодаанд

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон намудааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро бо барнома ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.

Бо ҳамин мақсад дар маҳаллаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа ва масъалаи умумиҷаҳонии Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” вохӯрӣ гузарониданд, ки сокинон аз шунидани суханрониҳои судманди масъулин ба худ таассуроти нек бардоштанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg