ШАҲРИТУЗ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассиса, деҳаву маҳаллаҳо оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқ» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира мулоқот баргузор гардид.
Нахуст Абдуллоева Шоира оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро баррасӣ ва ба дарки ҷомеа расонида шуданд.