
ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарзамин» корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзeъи «Ҷаҳонишавӣ ва мушкилотҳои амнияти иттилоотӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиuот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов доир гардид.
Зимни баргузории чорабинии мазкур Фарҳод Обидов оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, дар фарҷоми суханрониҳои иброз намуд, ки васоитаҳои ахбори оммаи электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд менамояд ва фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро фаро мегирад, ки ин раванд метавонад таъсироти манфи дошта бошад.
Аз ин нуқтаи назар ҷаҳонишавии воситаи ахбори омма ва рушди технологияи нави электрони (интернет) имрӯзҳо аз тарафи васоити ахбори оммаи хориҷи проблемаи экспансияи фазои иттилоотии ҷумҳуриро тавлид сохтааст.
Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири васоити ахбори оммаи хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид ба бор оварад. Тибқи мафҳуми амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳифзшавандаи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот бо назардошти манфиатҳои баробари шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад.
Интернет дар кишвари мо на ба ҳама дастрас аст ва доираи васеи хонандагонро соҳиб нест. Вале дар ҳолати бар зидди Тоҷикистон истифода гардидани "яроқи зӯр" -телевизион ва радио таъмини амнияти иттилоотӣ бешак мушкил хоҳад шуд.