ДӮСТӢ. Раиси ташкилоти ибтидоии “Мужда» дар маҳаллаи ба номи А. Каримови ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ Абубакр Ҷалолов, дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро дастгирӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки сохтмони 16 метр девори қабристони деҳаи Шаҳдрез, ки ба кӯчаи ба номи А. Каримов тааллуқ дорад, бо сохтани таҳкурсӣ ва девори он корро оғоз намуданд.
Сохтмони девори вобастагардидаро устои калони маҳалла Маъмурҷон Қурбонов ба уҳда гирифта, ӯ ният дорад дар рӯзҳои наздик сохтмони девори номбурдаро ба охир расонада ба ҳусни деҳаи худ зебогии дегареро илова мекунад. Чунин корҳои ободони дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои ноҳия идома доранд.