БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди сайёҳӣ ба пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт

ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Воссеъ Мирзоева Гулрухсор ва мутахассиси шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуот Ситамова Роҳила иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, Мирзоева Гулрухсор қайд намуд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 воситаи расидан ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти устувори кишвар мебошад. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуданд, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи мулоқот кормандони ташкилоти ибтидоии Ҳулбук (МДМТФ)  иброз доштанд, ки барои расидан ба ин нишондиҳанда, рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, албатта, зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон, заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва табдирҳои зарурию имконпазир ва дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат бархурдор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg