БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ татбиқкунандаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал мебошанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид кушода, оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва иҷрои ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо, инчунин вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳо суханронӣ намуд. Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкорӣ ҷомеа,  роҳандозии  Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва никоҳи хешутаборӣ суханронӣ намуда, иштирокдорон, махсусан раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро баҳри дар амал татбиқ намудани масъалаҳои болозикр раҳнамоӣ кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат оид ба боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва корҳои созандагиву ободонӣ баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg