БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳо дини Исломро фурухта ба нафси шайтонӣ эмон оварданд!

АНДЕША. Воқеаҳои солҳои охир аз рӯи фаъолияти носипосона ва ғаразмандонаи ТЭТ ҲНИ пардабардорӣ намуд. Имрӯз миллати точик хуб дарк намуд, ки як гурӯҳи ифротгаро бо истифода аз диндории мардум ва таъсиси ҳизби сиёсӣ бо сӯистифода аз номи Ислом рӯ ба харобкорӣ, дилшикастагӣ ва гумроҳсозӣ оварда буд.

Ҳоло ҳама пиру ҷавони Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки дар ватани азизамон барои адо намудани ҳама рукнҳои мубораки дини мубини ислом тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуд буда, эҳтиёҷе ба ҲНИ надоранд. Рӯ овардан, ҷалб намудан ба ин ҳизби сиёсии воқеан ифротгаро ва ба гумроҳӣ бурдани ҷавонон, даъвати шаҳрвандон ба ҷангҳои ДИИШ ва бо чашми сар дидани ваҳшониятҳо дар он ҷо ҷомеи имрӯзаро ба хулосае овард, ки мақсади онҳо нопок мебошад.

Магар  Кабирии кӯрнамак вакили парлумон ва Ҳоҷӣ Ҳалими хоин муовини вазири мудофиа набуданд? Онҳо худашон қадру манзалати инсонии худро надонистанд, ҳаққи намаки миллати тоҷикро ин курнамакон пос надоштанд ва дар пойи хизмати хоҷагони хориҷиашон нишастанд. Бо он ҳама молу мулке, ки доштанд, қаноат накарданд. Барои амалӣ намудани нақшаҳои хоҷагон аз мансаб истифода намуда ба чашми мардуми кишвар хок пошидандд. Ҳамарӯза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат зоҳиран худро мусалмон гуфта дар ботин дини шайтонро қабул намуданд. Ин фитнаҳоро мехостанд ба сари мардум бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дини худро фурӯхта, ба нафс эмон оварданд. Инчунин, онҳо тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи далелҳо ҳарф мезананд. Мехоҳанд, ки нишон диҳанд, наҳзатиён террористу динфурӯш нестанд. Аммо ҳамагон аз амалҳои ин террористони беимон огоҳ буда, ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳи зиёд нест. Наҳзатиҳо худро шарманда ва беобрӯ карданд ва дигар касе ба ҳарфашон гӯш намедиҳад. Зеро тинату ботинашон аз амали инсоният дур аст.

Сангалӣ Шукуров, узви ҲХДТ аз ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg