БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Молиячиён ба коррупсия муборизаи оштинопазир мебаранд!

Ш.ШОҲИН. Баҳри боз ҳам дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат дар самти эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии “Молия”  хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор намуданд.            

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон кушода,  дар назди ҷамъомадагон самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла муқовимат нисбати амалҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуд.  

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии “Молия”  Ибодов Саидшо қайд намуд, ки  сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, нисбати амалҳои коррупсионӣ муборизаи беамон мебаранд. Зеро дар ин ташкилот ҳама шахсони бовиҷдон бо дасту дили пок барои халқу Ватан хизмат карда истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg