БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои оштинопазирро ба вуҷуд меоварем!

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзона Алиева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Насима Ғаффорова ва зиёда аз 40 нафар аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабинии фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯъи «Чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок» доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Фарзона Алиева ва Насима Ғаффорова оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, дар фарҷоми суханрониҳои пурмуҳтавояшон иброз намуданд, ки  дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъшаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, мақомотҳои худидоракунии шаҳраку деҳот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg