
Н.ХУСРАВ. Дар асоси нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхонаву муассисаҳо, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби созандаю бунёдкор дар нимаи дуюми соли 2018 ва Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеъи ҷавонон дар амалӣ намудани ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар деҳаи Баҳор ва маҳаллаи Бадахшони ҷамоати деҳоти Фирӯза, ки сокинонаш асосан аз муҳоҷирони ВМКБ мебошанд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Аксияи мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сурайё ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории он таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҷамъбасти Соли тақвияти робита бо маҳал ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина сафарбар намудани сокинон дар ҳалли масъалаҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин роҳнамоии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ин нуктаҳо боиси такони маънавии ҷомеа дар роҳи созандагиву ободонӣ гардида, мардум тасмим гирифтанд якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳалла ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар корҳои созандагиву ободонии маҳали зисташон саҳми бештар гузоранд.