ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” бо иштироки васеъи кормандони соҳа, аъзои ҲХДТ ва ҷонибдорни ҳизб оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов оид ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳа ва кормандони он бармеояд, истифодаи қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодашудаи он, хатари афзояндаи терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва роҳҳои пешгирии бемории сироятӣ ВИЧ/СПИД андешарони намуд.
Мавсуф цайд намуд, ки беморищои сироятӣ ба генафонди миллат таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, аъзои ҳизби муассисаҳои тандурустиро зарур аст бо сокинон дар ин самт тарғибу ташвиқро бештар намоянд.