БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалисозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузори соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мутахасисси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо истиқоматкунандагони деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба  ташкилотҳои экстремистиву террористӣ андешаронӣ намуданд.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо намоиши ҳунарҳои мардумии деҳаи номбурда  шинос шуданд.         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg