БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хоҷагидорӣ манбаи муҳимми рушди устувори иқтисодист

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров бо кормандон Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» доир гардид.

Мавсуф  дар вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хоҷагидорию кишоварзӣ,  захира намудани хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ моҳи гузашта дар вохӯрӣ бо кишоварзону чорводорон дар ноҳияи Темурмалик дастур дода буданд, андешаронӣ кард.

Инчунин, масъулин оид ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда,  иштирокдоронро  ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳушёрии сиёсӣ даъват намуданд.

Дар охир Алиҷон Назаров ба саволҳои ҷамъомадагон  ҷавобҳои қаноатбахш дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg