ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон» бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни суханронии худ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат ибрози андеша намуда, афзуд, ки ҳар нафаре, ки пайваста ба варзиш машғул мешавад, ҳамеша саломатиаш мустаҳкам, рӯҳу тавонаш болида асту хуштаъб ва солиму бардам умр ба сар мебарад.
Чунки ояндаи давлату миллат дар дасти шумо барин ҷавонони солиму ватандӯст мебошад. Инчунин, дар идомаи суҳбат ҷавононро аз хавфу хатарҳои ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ хабардор карда, аз онҳо барои пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ даъват ба амал овард.