БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маорифчиён ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум мекунанд!

МУЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҲХДТ бо кормандони соҳаи маъорифи ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир намуд.  

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи маъориф Ҷ. Каримов  иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи- 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ карда шуданд.

Маорифчиён дар навбати худ суханронӣ намуда, ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ҳаракати террористиву экстремистӣ маҳкум намуданд. Қайд карданд, ки ин тоифа хоинони мардумфиреб, ки замоне нони омӯзгорро ҳаром мегуфтанд, омили ҷангу норомӣ буда, бо дастури хоҷагони хориҷӣ мехоҳанд монеи пешрафту ободии кишвар шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg